СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

СУДИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Асосӣ

Бинои суди ноҳияи Деваштич дар маркази ноҳияи Деваштич ҷойгир буда, он якошёна аст ва шароити кори барои фаъолият фароҳам оварда шудааст. Дар суди номбурда раиси суд, 2-нафар  судяҳо, 5-нафар кормандони дастгоҳи суд ва 5- нафар ҳайати хизматрасонӣ фаъолият доранд. Дар он рамзҳои давлатӣ (нишон, парчам ва суруди миллӣ) ба таври дахлдор ҷойгир карда шудаанд. Инчунин гӯшаи рӯзномаи даврӣ барои шаҳрвандони муроҷиаткунанда ҷой дорад ва дар бинои суд асбобҳои зиддисӯхторӣ низ мавҷуд аст. Раис, судяҳо ва дигар кормандони суд бо утоқи кории алоҳида, мебелу таҷҳизоти зарурӣ ва бо компютерҳо таъмин мебошанд. Суд дорои як толори судии навтаъмиргардида мебошад, ки он бо мебелҳои зарурӣ ва бо панҷара барои нигоҳ доштани судшавандагони дар ҳабс буда, муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Воситаҳои назорати электронӣ бо номи http://sudiganchi.tj дар суд ба роҳ монда шудааст, ки ҳамаи маълумотҳо вобаста бо фаъолияти суди ноҳияи Деваштич ва дигар амалиётҳо ба ин сомона дарҷ карда мешавад.

********************************************************************************

                                                                                              Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Ҳалимов Холмирзо Зайниддинович истиқоматкунандани деҳаи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Деваштич, дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 04 майи сол 2021 бо моддаи 93 иловаи 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Деваштич:                                   Завқиҷонзода М.

**********************************************************************************************************************

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Абдуназарова Мамлакат Худойназаровна истиқоматкунандани деҳаи Зароб, Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич, барои риоя накардани талаботи моддаи 9 сархати 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 07 майи сол 2021 бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Судяи суди ноҳияи Деваштич:                                Завқиҷонзода М.

********************************************************************************************************************

Хабарҳои судӣ

 Шаҳрванд Мамурова Умида Гулмуродовна истиқоматкунандагони деҳаи Лолазор, Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 27 апрели сол 2021 бо моддаи 93 иловаи 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич:                                  Мирбобозода Ҳ.М.

*********************************************************

Хабарҳои судӣ

 Шаҳрвандон Бекмирзоева Дилбар Абдукаримовна, Маманазарова Азиза Эгамназаровна ва Норбоева Шаҳноза Ғаниевна истиқоматкунандагони деҳаи Зароб, Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич, барои риоя накардани талаботи моддаи 9 сархати 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 06 майи сол 2021 бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ҳар кадоме, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳандагӣ барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич:                                  Мирбобозода Ҳ.М.

*********************************************************

Хабарҳои судӣ 

Шаҳрванд Қулдошев Аюбҷон Аҳмадҷонович истиқоматкунандаи деҳаи Лолазор, Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, дар содир кардани майдаавбошӣ барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад,  содир кард ва нисбаташ дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 23.04.2021 сол бо моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати 5 шабонарўз таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Деваштич:                                  Мирбобозода Ҳ.М.

*********************************************************

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Гафуров Абдураҳим Абдусамиевич истиқомат-кунандаи деҳаи Далён, ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои маъракаи фотиҳаи тўйи духтарашро бо иштироки зиёда аз 15 нафар ва бо додани се таъом гузаронида, талаботи сархати 2, моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон кард ва нисбаташ, бо Қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 04-уми декабри 2014 сол бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ҳамин модда нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

           Раиси суди

           ноҳияи Ғончӣ:                                        Мирбобозода Ҳ.М.

 

 

 

                                                     Хабарҳои судӣ

 

         Шаҳрванд Бойев Парвизҷон Салоҳиддинович истиқомат-кунандаи деҳаи Далён, ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои маросими ақди никоҳро зиёда аз чор автомашина анҷон доданаш ва талаботи сархати 5, моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон кард ва нисбаташ, бо Қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 20-уми ноябри 2014 сол бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ҳамин модда нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

           Раиси суди

           ноҳияи Ғончӣ:                                        Мирбобозода Ҳ.М. 

Хабарҳои судӣ

          Шаҳрванд Ғафурова Гулчеҳра Тоҷибоевна истиқомат-кунандаи деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои дар рӯзу соати корӣ ғайриқонунӣ маросими гаштаки духтарон яъне, «вечер»-и духтарашро дар манзили истиқоматиаш бо даъвати 8 нафар ҳамсинфони духтараш ва 6 нафар тарафи домодшаванда барпо намуданаш, бо Қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 22.08.2014 сол бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ҳамин модда нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

           Раиси суди

           ноҳияи Ғончӣ:                                        Мирбобозода Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Ҳоҷибоев Нарзибек Холибекович истиқомат-кунандаи деҳаи Овчии, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ, ҷинояти мазкурро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғол намуда новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ муқаррар кардааст содир намуда, бо ҳукми суди ноҳияи Ғончӣ аз 21.08.2014 сол бо моддаи 338 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ҳамин модда нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 16000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди

ноҳияи Ғончӣ:                                        Мирбобозода Ҳ.М.

ҚАРОР

   оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ.

                      аз 29.07.2014 сол                                                                        н.Ғончӣ

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо иштироки котиба Турсунова Ю.С. ва тарҷумон Холов Ф.Ф.. баррасӣ карда дар мурофиаи кушоди судӣ дар бинои суд  парвандаи маъмуриро нисбати Ашурматов Ғайрат Алишерович- 20.08.1977 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Лолазори ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул кардааст, миллаташ ўзбек, оиладор соҳиби 1 нафар фарзанд, шуғли доимӣ надорад, доғи маъмурӣ надорад, бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омӯхта

Муайян   кард:

Ашурматов Ғ.А. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, баъди соли 1994 барои кор кардан ба назди хоҳари падараш, яъне аммааш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта буд. Баъдан соли 1995 ӯро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба вилояти Фарғона сафарбар карданд. Ӯ соли 1997 аз хизмати ҳарбӣ ба ноҳияи Ғончӣ баргашт ва айни ҳол шаҳрванди ягон давлатро қабул накардааст ва то инҷониб шиноснома надорад. Хадамоти шиносномавии бақайдгирии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ нисбати Ашурматов Ғ.А., барои то ҳол шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул накарданаш, санаи 29.07.2014 сол парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда барои баррасӣ ба суд фиристонидааст.

Ашурматов Ғ.А. худро гунаҳгор дониста, баёнот дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Лолазори ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, соли 1994 барои кор ба хонаи аммааш Ҳотамова Анзурат ба шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  рафта буд. Соли 1995 ӯро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба вилояти Фарғона сафарбар карданд. Ӯ соли 1997 аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашта, айни ҳол шаҳрванди ягон давлатро қабул накардааст. Ӯ то инҷониб шиноснома надорад ва дар деҳаи Лолазори ноҳияи ноҳияи Ғончӣ ҳамрохи волидонаш ва ҳамсару як нафар фарзандаш истиқомат дорад. Имконияти ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанро надорад, зеро дар он давлат ягон авлод ва ҷои истиқомати доимӣ надорад. Ҳоло омода аст, ки ҳуҷҷҳояшро ба расмият дарорад. Шароити моддии оилааш хуб намебошад ва аз пушти мардикорӣ рӯзгордориашро пеш мебарад. Хоҳиш намуда истодааст, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад, зеро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон манзили истиқоматӣ надорад.

Гуноҳи Ашурматов Ғ.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳои парванда исботи худро меёбанд, зеро ҳуқуқвайронкунанда гарчанде, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, то ҳол барои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ҳуҷҷати тасдиқкунанда надорад.

Суд кирдори Ашурматов Ғ.А-ро бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мекунад.

Вақти таъини ҷазо характери ҳуқуқвайронкунӣ, сабаби содиршавии он, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта мешавад. Ашурматов Ғ.А. бори аввал ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, оиладор буда, як нафар фарзанд дорад ва ҳамроҳи аҳли оилааш доимӣ дар ноҳияи Ғончӣ истиқомат дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, ки ҳолати сабуккунандаи ҷазоанд. Дар кирдори охирон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо ҷой надорад.

Моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди чаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҷазои иловагӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Ҳоло аз баёноти ҳуқуқвайронкунанда маълум гардид, ки ӯ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷои зисти муқимӣ надорад. Ҳамроҳи аҳли оилааш дар деҳаи Лолазор истиқомат намуда истодааст ва шароити моддии оилааш хуб намебошад.

Ин ҳолатҳоро суд ҳолатҳои истисноӣ ҳисобида, лозим медонад бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ашурматов Ғ.А.., ҷазоро дар намуди чарима, пасттар аз ҳадди муайянкардаи моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

Қарор    кард:

Ашурматов Ғайрат Алишерович бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаримаи маъмурӣ ба  андозаи  даҳ  нишондиҳанда  барои ҳисобҳо баробар ба

(400 сомонӣ) ба фоидаи давлат ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Ҳуқуқвайронкунада Ашурматов Ғ.А. ӯҳдадор карда шавад, раводидашро ба расмият дарорад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз бо воситаи ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                                                          Мирбобоев Ҳ.М.

«Ба муносибати 20 солагии рӯзи қабули Конститутсия»

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади   тақдирсозии миллати тоҷик.

Дар Паёми навбатии ҷаноби Оли президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст «Конститутсияи модар худ муҳимтарин принсипҳои демократия аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷҷасум намуда баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меърҳои конститутсиони мо имрӯзбарои расиданба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамондар самтиэъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Бо баробари ҳамин ин ишораи сарвари давлат ба истиқболи сазовори 20-солагии Конститутсия нишони он аст, ки бояд ҳар як шаҳрванд ба арзишҳои ин санади олии ҳуқуқи ва тақдирсози миллати тоҷик эҳироми хос гузоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари дигар Ҷумҳуриятҳои собиқ  Иттифоқи Шуравӣ Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуд. Бинобар яке  аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурраи Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонид ин қабули Конститутсия буд. Ҷараёни тайёр ва қабули он якчанд марҳилаҳоро аз сар гузаронидааст. Санаи 24 августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро қабул намуд. Чанд маротиба кӯшиши қабули Конститутсия карда шуд, вале ҷанги шаҳрвандӣ халал расонид.

Санаи 26 июни соли 1993 Ҷаноби Оли президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Раиси комиссияи Конститутсионӣ интихоб гардиданд ва аввалин маҷлиси комиссияи Конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид. Комиссияи Конститутсионӣ лоиҳаи онро таҳия намуда ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд ва лоиҳаи он дар матбуоти даврӣ чоп гардида, мавриди омӯзиш ва муҳокима умумиҳалқӣ  қарор дода шуд.

Санаи  20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияро муайян кард.

Санаи 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар худ моҳияти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаро ифода менамояд. Дар дебочаи он омадааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санади меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки тамоми қонунҳои давлат аз он сарчашма мегиранд, дар асоси он эҷод ва қабул мегарданд.

Кон­ститутсия санади олии хукукӣ буда он натиҷаи рушди ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, принсипҳои асосии интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардааст. Инчунин масъалаҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳалли ҷараёнҳои мухолифпазири ҷомеъа ва таҳкими асосҳои тартиботи ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Дар Конститутсияи (Сарсонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёти беҳтарини афкори демократиро ба инобат гирифта, ба инкишофи демо­кратия, махсусан дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷиддӣ бахшида шудааст.

Дар моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф ва риоя менамояд».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст ва мутобиқи моддаи 9-и Конститутсияи «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».

Конститутсияи муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ( Ҳукумат ) аст.

Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар кардааст. «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва баъдан 22 июни соли 2003 як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд.

Мутобиқи ин таҒйироту иловаҳо парлумон касбӣ аз ду палата яъне Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, мақомоти судӣ аз мақомоти иҷроия ҷудо карда шуд. Ба боби чаҳоруми  «Президент» таҒйирот дароварда шуд, ки «Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд»

Соли 2003 ба моддаи 65-и Конститутсия таҒйирот дароварда шуд, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Ғайр аз он дар асоси ин таҒйироту иловаҳо синну соли ниҳоии интихоб ва таъин шудан ба вазифаи судягӣ 65 сол муқаррар карда шуда, мӯҳлати ваколат аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро эълон кардааст. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробар ҳуқуқ мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва Ғамхории давлат мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  озоди шахсиятро дар мадди аввал мегузорад. Дар қисми 1-и моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  сабт шудааст, ки «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад»

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Эълон кардани ин ё он дин ба сифати дини давлатӣ, ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дунявӣ будани давлатамонро нишон медиҳад. Чӣ тавре, ки қайд гардид яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани мартаба ва эътибори зан дар ҷомеа ин баробарҳуқуқии зан ва мард мебошад, ки онро дар моддаҳои  17, 18, 24 ва 28  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаст.

Ғайр аз он Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, кушишҳои башардустонаро баҳри пешбур­ди сиёсати сулҳҷуёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳоро баҳри ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян кардааст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати барномави дар ҳаёти ҳаррузаи давлат ва ҷомеа баҳри пешбурди муносибатҳо истифода мегардад.

Ҳар қадар ки мо аз санаи қабули Конститутсияи кишварамон дур меравем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёси, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундаричаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради азалии халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, онро қабул карда, баҳри миллат ва давлат асос гузоштанд, сари таъзим фуру меорем. Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбат ба манфиатҷуиву сиёҳдилии иддае аз «ҳомиёни давлату миллат», ки дар ҳар лаҳзаи ногувор садо бардошта, дастовардҳои назарраси дар муддати кутоҳтарин бадастомада, нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсии иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагию бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст намедиҳем.

Имрузҳо, ки мо дар арафаи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар дарк намоем. Дар меҳвари ин санад зистанро омузем, меъёрҳо ва муқаррароти  онро одати рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро хамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо, ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ – ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогохи ва ҳувияти миллӣ ҳифз намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии Ғояи миллӣ эътироф кунем.

Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Точикистон, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шахрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститут­сия ва қонунҳо қонунҳо ва аз ҳокимияти  фаъолияти бонизоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷониба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазирӣ нисбат ба қонунҳои  ва ҳуқуқвайронкуниҳоро тақозо дорад.

Итминони комил дорем, ки сокинони ноҳия 20-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлоли худро дар фа­зоӣ худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва якпорчагии давлати ҳақиқатан иҷтимоию шаҳрвандӣ пешвоз ме­гиранд. Меъёрҳои онро бо мазмуни нав ва воқеиятбинии таърихӣ дарк менамоянд, таҳким мебахшанд ва дар роҳи рушди давлати мутамаддини худ чароғи ҳидоят менамоянд. Ман бовари дорам, ки мардуми ноҳияи минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъ­мини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад.

Раиси суди

ноҳияи Ғончӣ:                                  Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Азимов Хушбахт Бозорович истиқоматкунандаи деҳаи Далёни Боло, ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, барои писарашро барои ҳамроҳ хондани намози «Ҷумъа» дар масчиди ҷомеъаи деҳаи Далёни Боло бурданаш бо қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 21.07.2014 сол бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Ғончӣ:                  Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Отаҷонов Ҷонибек Зикруллоевич истиқоматкунандаи деҳаи Зарнисор, ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ, барои бе иҷозатномаи махсус бо фаъолияти боркашонӣ машғул шуданаш бо қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 22.07.2014 сол бо моддаи 510-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Ғончӣ:                  Мирбобоев Ҳ.М.

ҚАРОР

   оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ.

                      аз 16.07.2014 сол                                                                        н.Ғончӣ

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ҳалимов Б.Ш. ва тарҷумон Холов Ф.Ф.. баррасӣ карда дар мурофиаи кушоди судӣ дар бинои суд  парвандаи маъмуриро нисбати Абдухолиқов Раҳмон Холиқбердиевич- 16.04.1960 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Офтобрӯи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул кардааст, миллаташ ўзбек, оиладор соҳиби 5 нафар фарзанд, шуғли доимӣ надорад, дар асоси раводиди расмӣ аз соли 2010 то инҷониб ҷои истиқоматиаш деҳаи Офтобрӯ, ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Ғончӣ, доғи маъмурӣ надорад, бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муайян   кард:

Абдухолиқов Р.Х. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, баъди соли 1985 барои кор кардан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафта, худи ҳамон сол шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул намудааст. Аз соли 2010 то инҷониб дар асоси раводи расмӣ (виза) дар деҳаи Офтобрӯи ноҳияи Ғончӣ истиқомат дорад.  Ҳоло мӯҳлати равидадаш санаи 10.07.2014 сол ба охир расидааст. Хадамоти шиносномавии бақайдгирии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ нисбати Абдухолиқов Р.Х. барои бо раводиди мӯҳлаташ гузашта истиқомат карданаш, санаи 15.07.2014 сол парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда барои баррасӣ ба суд фиристонидааст.

Абдухолиқов Р.Х. худро гунаҳгор дониста, баёнот дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Офтобрӯи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, соли 1985 барои кор ба шаҳри Янгиери Ҷумҳурии Ӯзбекистон  рафта шаҳрвадии ҳамон давлатро қабул кардааст. Аз соли 2010 дар асоси раводиди расмӣ ба зодгоҳаш истиқомат намуда истодааст. Ӯ маротибаи охир санаи 11.07.2013 сол раводиди расмӣ гирифта буд ва мӯҳлати раводидаш санаи 10.07.2014 сол ба охир расидааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод надорад ва ҳамроҳи аҳли оилааш дар зодгоҳаш истиқомат дорад. Ҳоло омода аст, ки ҳуҷҷҳояшро ба расмият дарорад. Хоҳиш намуда истодааст, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад, зеро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон манзили истиқоматӣ надорад.

Гуноҳи Абдухолиқов Р.Х. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳои парванда пурра исботи худро меёбанд, зеро ҳуқуқвайронкунанда гарчанде, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, қаблан шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул намуда, шиносномаи ҳамон давлатро гирифтааст.

Суд кирдори Абдухолиқов Р.Х-ро бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мекунад.

Вақти таъини ҷазо характери ҳуқуқвайронкунӣ, сабаби содиршавии он, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта мешавад. Абдухолиқов Р.Х. бори аввал ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, оиладор буда, панҷ нафар фарзанд дорад, аз кардааш пушаймон аст ва ҳамроҳи аҳли оилааш доимӣ дар ноҳияи Ғончӣ истиқомат дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, ки ҳолати сабуккунандаи ҷазоанд. Дар кирдори охирон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо ҷой надорад.

Моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди чаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҷазои иловагӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Абдухолиқов Р.Х. дар деҳаи Офтобрӯи ноҳияи Ғончӣ дар асоси раводиди расмӣ истиқомат карда, соҳиби 5 нафар фарзанд аст, аммо хоҳиш дорад бинобар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод ва ҷои муқимӣ надоштанаш аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад.

Мӯҳлати раводиди расмии Абдухолиқов Р.Х. санаи 10.07.2014 сол ба охир расидааст ва санаи 15.07.2014 сол нисбаташ парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. Суд ба ҳуқуқвайронкунада Абдухолиқов Р.Х. имконият медиҳад, ки раводидашро ба расмият дарорад.

Ин ҳолатҳоро суд ҳолатҳои истисноӣ ҳисобида, лозим медонад бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Абдухолиқов Р.Х., ҷазоро дар намуди чарима, пасттар аз ҳадди муайянкардаи моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

Қарор    кард:

Абдухолиқов Раҳмон Холиқбердиевич бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаримаи маъмурӣ ба андозаи шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба (240 сомонӣ) ба фоидаи давлат ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Ҳуқуқвайронкунада Абдухолиқов Р.Х. ӯҳдадор карда шавад, раводидашро ба расмият дарорад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз бо воситаи ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                имзо                                 Мирбобоев Ҳ.М.

нусха бо аслаш баробар аст.

Раисикунанда:                                                          Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Азимов Хушбахт Бозорович истиқоматкунандаи деҳаи Далёни Боло, ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, барои писарашро барои ҳамроҳ хондани намози «Ҷумъа» дар масчиди ҷомеъаи деҳаи Далёни Боло бурданаш бо қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 21.07.2014 сол бо моддаи 90-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Ғончӣ:                  Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Шаҳрванд Отаҷонов Ҷонибек Зикруллоевич истиқоматкунандаи деҳаи Зарнисор, ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ, барои бе иҷозатномаи махсус бо фаъолияти боркашонӣ машғул шуданаш бо қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 22.07.2014 сол бо моддаи 510-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Раиси суди ноҳияи Ғончӣ:                  Мирбобоев Ҳ.М.

Бо қарорҳои суди ноҳияи Ғончӣ аз 15-уми июли соли 2014, нисбати се нафар сокинони ноҳияи Ғончӣ, Бобоев Беҷан Назармахмадович, Гоибов Аскар Гоибович  ва Дҷураев Нарзулло Садуллоевич бо моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар бо мақсади саркашӣ намудан аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба Федератсияи Русия баромада рафтанашон ғоибона чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан иҷозат дода шуд.

Раиси суди

ноҳияи Ғончӣ:                                    Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

Бо қарорҳои суди ноҳияи Ғончӣ аз 15-уми июли соли 2014, нисбати се нафар сокинони ноҳияи Ғончӣ, Бобоев Беҷан Назармахмадович, Гоибов Аскар Гоибович  ва Дҷураев Нарзулло Садуллоевич бо моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар бо мақсади саркашӣ намудан аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба Федератсияи Русия баромада рафтанашон ғоибона чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан иҷозат дода шуд.

Раиси суди

ноҳияи Ғончӣ:                                    Мирбобоев Ҳ.М.

ҚАРОР

   оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ.

                      аз 29.05.2014 сол                                                                        н.Ғончӣ

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ҳалимов Б.Ш. ва тарҷумон Холов Ф.Ф.. баррасӣ карда дар мурофиаи кушоди судӣ дар бинои суд  парвандаи маъмуриро нисбати Максудова Роҳила Зунайдуллоевна- 18.01.1976 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул кардааст, миллаташ ўзбек, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, соҳибхоназан, аз соли 1994 то инҷониб ҷои истиқоматиаш деҳаи Ҳазорчашма, ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Ғончӣ, доғи маъмурӣ надорад, бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муайян   кард:

Мақсудова Р.З. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, баъди хатми мактаб соли 1991 ба назди падараш рафта шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул намудааст. Оғоз аз соли 1994 ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ Раҳмонқулов Муродҷон ба шавҳар баромада, таи 20 сол аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ дар якҷоягӣ истиқомат мекунанд ва соҳиби 4 нафар фарзанд мебошанд. Мақсудова Р.З. соли 1994 истиқоматашро дар ҷамоати деҳоти Муҷун, деҳаи (Ӯртақӯрғон) ҳозира Ҳазорчашма ба қайд гузоштааст ва мӯҳлати шиносномааш соли 2001 ба охир расидааст. Хадамоти шиносномавии бақайдгирии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ нисбати Мақсудова Р.З. баъди соли 2001 бинобар бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карданаш, санаи 27.05.2014 сол парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда барои баррасӣ ба суд фиристонидааст.

Мақсудова Р.З. худро гунаҳгор дониста, баёнот дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, соли 1991 баъди хатми мактаби миёна ба назди падараш Махсудов Зунайдулло ба шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон  рафта то соли 1994 дар ҳамон давлат истиқомат кардааст. Соли 1994 бо Раҳмонқулов Муродҷон, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон никоҳашонро ба расмият дароварда ба ноҳияи Ғончӣ омаданд. Аз соли 1994 то ҳол дар ноҳияи Ғончӣ ҳамроҳи шавҳараш ва чор нафар фарзандаш истиқомат дорад. Ӯ соли 1997 қайди истиқоматиашро дар ҷамоати деҳоти Муҷун, деҳаи (Ӯртақӯрғон) ҳозира деҳаи Ҳазорчашма ба қайд гузоштааст, аммо мӯҳлати шиносномааш баъди соли 2001 ба охир расидааст ва то ҳол дигар шиноснома нагирифтааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод надорад, зеро қаблан падару модараш вафот кардааст. Солҳои пеш ба ҳуҷҷатгузорӣ касе аҳамият намедод. Хоҳиш намуда истодааст, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад, зеро таи 20 сол инҷониб ҳамроҳи фарзандонаш ва шавҳараш истиқомат дорад ва дигар дар ягон ҷой манзили истиқоматӣ надорад.

Гуноҳи Мақсудова Р.З. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳои парванда пурра исботи худро меёбанд, зеро ҳуқуқвайронкунанда гарчанде, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, қаблан шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул намуда соли 1996 шиносномаи ҳамон давлатро гирифтааст. Баъди шаҳрвандиро қабул намуда шиноснома гирифтанаш санаи 20.05.1997 сол ҷои истиқоматиашро ба Ҷамоати деҳоти Муҷун расмӣ кунонидааст. Ҳоло бошад мӯҳлати шиносномаи Мақсудова Р.З. соли 2001 ба итмом растдааст.

Суд кирдори Мақсудова Р.З-ро бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мекунад ва муқаррар карда шуд, ки ӯ қоидаи будубошро баъди соли  2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудааст.

Вақти таъини ҷазо характери ҳуқуқвайронкунӣ, сабаби содиршавии он, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта мешавад. Мақсудова Р.З. бори аввал ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, оиладор буда, чор нафар фарзандони ноболиғ дорад, аз кардааш пушаймон аст аз соли 1994 дар деҳаи ҳазорчашма ҳамроҳи шавҳараш ва чор нафар фарзандонаш истиқомат дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, ки ҳолати сабуккунандаи ҷазоанд. Дар кирдори охирон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо ҷой надорад.

Моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди чаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҷазои иловагӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Максудова Р.З. муддати 20 сол дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ истиқомат карда, соҳиби 4 нафар фарзанд аст, аммо хоҳиш дорад бинобар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод надоштанаш аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад.

Ин ҳолатҳоро суд ҳолатҳои истисноӣ ҳисобида, лозим медонад бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Максудова Р.З., ҷазоро дар намуди чарима, пасттар аз ҳадди муайянкардаи моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

Қарор    кард:

Максудова Роҳила Зунайдуллоевна бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаримаи маъмурӣ ба андозаи шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба (240 сомонӣ) ба фоидаи давлат ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати як шабонарӯз бо воситаи ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                                                 Мирбобоев Ҳ.М.

Қарор

оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ

аз 24.06.2014 сол                                                                ноҳияи Ғончӣ.

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо котибии Ҳалимов Б.Ш. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Сабуров Садриддин Мирсодиқович 20 июни 1986 сол санаи таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи умумӣ ихтисос ронанда, оиладор соҳиби ду нафар фарзанд, муваққатан бекорчӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 332-и Кодеки ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда,

муайян  кард:

Сабуров С.М. санаи 07.06.2014 сол соати 20/30 дақиқа дар ҳолати мастии дараҷааш сабук автомашинаи тамғаи Опел-Вектра рақами қайди давлатиаш ЕВ 90-51 02/рт-ро воқеъ дар ҳудуди деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан идора намуд, ки кирдораш аз ҷониби кормандони ШБДА ошкор карда шуд.

Мувофиқи санади наркологии №186 аз 07.06.2014 сол Сабуров С.М. дар ҳолати мастии дараҷааш сабук қарор дошт.

Сабуров С.М. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки воқеан санаи 07.06.2014 сол тахмин соатҳои 12 дар деҳаи Куркат ҳамроҳи шарикаш 200 грамм машруботи спиртдори намуди пиво истемол карда буд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми бо автомашинааш ба деҳаи Далён рафтанаш ӯро дар ҳудуди деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан корманди БДА боздошт намуда, бинобар дар ҳолати мастии дараҷааш сабук идора намудани воситани нақлиёт протокол тартиб додааст. Ҳоло аз кори кардааш пушаймон аст ва оянда дигар ин рафторашро такрор намекунад.

Гуноҳи Сабуров С.М. дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маводҳои парванда низ, аз ҷумла протоколи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар он ҳуқуқвайронкунанда баёноти худиқрорӣ додааст ва инчунин санади ташхиси тиббӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандаро муайян кардааст, исбот мегардад.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунандаро бо моддаи 332-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ тасниф мекунад.

Моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт пешбинӣ кардааст.

Суд баҳри ноил шудан ба мақсади ҷазо зарур мешуморад, ки нисбати Сабуров С.М. ҷазоро дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии

Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

қарор  кард:

Сабуров Садриддин Мирсодиқович бо моддаи 332-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ду сол ҷазои маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт таъин карда шавад.

Шаҳодатномаи ронандагии Сабуров С.М. бо ҳамин қарор барои иҷро ба ШБДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ фиристонида шавад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шуданаш ба суди вилояти Суғд тавассути ҳамин суд шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда:                                               Мирбобоев Ҳ.М.

Хабарҳои судӣ

 

             Шаҳрванд Мамурова Умида Гулмуродовна истиқоматкунандагони деҳаи Лолазор, Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар асоси қарори суди ноҳияи Деваштич аз 27 апрели сол 2021 бо моддаи 93 иловаи 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо ин модда, ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

          

             Раиси суди

             ноҳияи Ғончӣ:                                    Мирбобозода Ҳ.М.