Шурои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди ноҳияи Ғончӣ

Санадхои суди

ҚАРОР

оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ.

аз 29.05.2014 сол н.Ғончӣ

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд, дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ҳалимов Б.Ш. ва тарҷумон Холов Ф.Ф.. баррасӣ карда дар мурофиаи кушоди судӣ дар бинои суд парвандаи маъмуриро нисбати Максудова Роҳила Зунайдуллоевна- 18.01.1976 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст, шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул кардааст, миллаташ ўзбек, оиладор соҳиби 4 нафар фарзанд, соҳибхоназан, аз соли 1994 то инҷониб ҷои истиқоматиаш деҳаи Ҳазорчашма, ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Ғончӣ, доғи маъмурӣ надорад, бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муайян кард:

Мақсудова Р.З. ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, баъди хатми мактаб соли 1991 ба назди падараш рафта шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистонро қабул намудааст. Оғоз аз соли 1994 ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ Раҳмонқулов Муродҷон ба шавҳар баромада, таи 20 сол аст, ки дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ дар якҷоягӣ истиқомат мекунанд ва соҳиби 4 нафар фарзанд мебошанд. Мақсудова Р.З. соли 1994 истиқоматашро дар ҷамоати деҳоти Муҷун, деҳаи (Ӯртақӯрғон) ҳозира Ҳазорчашма ба қайд гузоштааст ва мӯҳлати шиносномааш соли 2001 ба охир расидааст. Хадамоти шиносномавии бақайдгирии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ нисбати Мақсудова Р.З. баъди соли 2001 бинобар бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карданаш, санаи 27.05.2014 сол парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда барои баррасӣ ба суд фиристонидааст.

Мақсудова Р.З. худро гунаҳгор дониста, баёнот дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ таваллуд шуда, соли 1991 баъди хатми мактаби миёна ба назди падараш Махсудов Зунайдулло ба шаҳри Бекободи Ҷумьурии Ӯзбекистон рафта то соли 1994 дар ҳамон давлат истиқомат кардааст. Соли 1994 бо Раҳмонқулов Муродҷон, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон никоҳашонро ба расмият дароварда ба ноҳияи Ғончӣ омаданд. Аз соли 1994 то ҳол дар ноҳияи Ғончӣ ҳамроҳи шавҳараш ва чор нафар фарзандаш истиқомат дорад. Ӯ соли 1997 қайди истиқоматиашро дар ҷамоати деҳоти Муҷун, деҳаи (Ӯртақӯрғон) ҳозира деҳаи Ҳазорчашма ба қайд гузоштааст, аммо мӯҳлати шиносномааш баъди соли 2001 ба охир расидааст ва то ҳол дигар шиноснома нагирифтааст. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод надорад, зеро қаблан падару модараш вафот кардааст. Солҳои пеш ба ҳуҷҷатгузорӣ касе аҳамият намедод. Хоҳиш намуда истодааст, ки аз қаламрави Ҷумьурии Тоҷикистон берун карда нашавад, зеро таи 20 сол инҷониб ҳамроҳи фарзандонаш ва шавҳараш истиқомат дорад ва дигар дар ягон ҷой манзили истиқоматӣ надорад.

Гуноҳи Мақсудова Р.З. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо маводҳои парванда пурра исботи худро меёбанд, зеро ҳуқуқвайронкунанда гарчанде, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, қаблан шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро қабул намуда соли 1996 шиносномаи ҳамон давлатро гирифтааст. Баъди шаҳрвандиро қабул намуда шиноснома гирифтанаш санаи 20.05.1997 сол ҷои истиқоматиашро ба Ҷамоати деҳоти Муҷун расмӣ кунонидааст. Ҳоло бошад мӯҳлати шиносномаи Мақсудова Р.З. соли 2001 ба итмом растдааст.

Суд кирдори Мақсудова Р.З-ро бо моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасниф мекунад ва муқаррар карда шуд, ки ӯ қоидаи будубошро баъди соли 2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон намудааст.

Вақти таъини ҷазо характери ҳуқуқвайронкунӣ, сабаби содиршавии он, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба инобат гирифта мешавад. Мақсудова Р.З. бори аввал ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, оиладор буда, чор нафар фарзандони ноболиғ дорад, аз кардааш пушаймон аст аз соли 1994 дар деҳаи ҳазорчашма ҳамроҳи шавҳараш ва чор нафар фарзандонаш истиқомат дорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, ки ҳолати сабуккунандаи ҷазоанд. Дар кирдори охирон ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо ҷой надорад.

Моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди чаримаи маъмурӣ ба андозаи аз ҳаштод то навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҷазои иловагӣ берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст

Аз маводҳои парванда бармеояд, ки Максудова Р.З. муддати 20 сол дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Ғончӣ истиқомат карда, соҳиби 4 нафар фарзанд аст, аммо хоҳиш дорад бинобар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ягон авлод надоштанаш аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда нашавад.

Ин ҳолатҳоро суд ҳолатҳои истисноӣ ҳисобида, лозим медонад бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Максудова Р.З., ҷазоро дар намуди чарима, пасттар аз ҳадди муайянкардаи моддаи 499 қисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

Қарор кард:

Максудова Роҳила Зунайдуллоевна бо моддаи 499 ыисми 1-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ бо дастрасии моддаи 48 қисми 5-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаримаи маъмурӣ ба андозаи шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба (240 сомонӣ) ба фоидаи давлат ва бидуни берун кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати як шабонарӯз бо воситаи ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда: Мирбобоев Ҳ.М.

Қарор

оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ

аз 24.06.2014 сол ноҳияи Ғончӣ.

Суди ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо котибии Ҳалимов Б.Ш. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Сабуров Садриддин Мирсодиқович 20 июни 1986 сол санаи таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи умумӣ ихтисос ронанда, оиладор соҳиби ду нафар фарзанд, муваққатан бекорчӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 332-и Кодеки ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намуда,

муайян кард:

Сабуров С.М. санаи 07.06.2014 сол соати 20/30 дақиқа дар ҳолати мастии дараҷааш сабук автомашинаи тамғаи Опел-Вектра рақами қайди давлатиаш ЕВ 90-51 02/рт-ро воқеъ дар ҳудуди деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан идора намуд, ки кирдораш аз ҷониби кормандони ШБДА ошкор карда шуд.

Мувофиқи санади наркологии №186 аз 07.06.2014 сол Сабуров С.М. дар ҳолати мастии дараҷааш сабук қарор дошт.

Сабуров С.М. худашро гунаҳгор ҳисобида баёнот дод, ки воқеан санаи 07.06.2014 сол тахмин соатҳои 12 дар деҳаи Куркат ҳамроҳи шарикаш 200 грамм машруботи спиртдори намуди пиво истемол карда буд. Худи ҳамон рӯз ҳангоми бо автомашинааш ба деҳаи Далён рафтанаш ӯро дар ҳудуди деҳаи Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан корманди БДА боздошт намуда, бинобар дар ҳолати мастии дараҷааш сабук идора намудани воситани нақлиёт протокол тартиб додааст. Ҳоло аз кори кардааш пушаймон аст ва оянда дигар ин рафторашро такрор намекунад.

Гуноҳи Сабуров С.М. дар содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маводҳои парванда низ, аз ҷумла протоколи ҳуқуқвайронкунӣ, ки дар он ҳуқуқвайронкунанда баёноти худиқрорӣ додааст ва инчунин санади ташхиси тиббӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштани ронандаро муайян кардааст, исбот мегардад.

Суд кирдори ҳуқуқвайронкунандаро бо моддаи 332-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ тасниф мекунад.

Моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт пешбинӣ кардааст.

Суд баҳри ноил шудан ба мақсади ҷазо зарур мешуморад, ки нисбати Сабуров С.М. ҷазоро дар намуди маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт таъин кунад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси Мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии

Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд

қарор кард:

Сабуров Садриддин Мирсодиқович бо моддаи 332-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ду сол ҷазои маҳрум намудан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт таъин карда шавад.

Шаҳодатномаи ронандагии Сабуров С.М. бо ҳамин қарор барои иҷро ба ШБДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончӣ фиристонида шавад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи супорида шуданаш ба суди вилояти Суғд тавассути ҳамин суд шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда: Мирбобоев Ҳ.М.

Қ а р о р

оиди татбиқи ҷазои маъмурӣ

аз 30 апрели соли 2014 ноҳияи Ғончӣ.

Суди ноҳияи Ғончӣ вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Мирбобоев Ҳ.М., бо котибии Турсунова Ю. бо иштироки ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Ғончӣ Имомов М.М. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунанда Разоққов Маҳкамҷон Мазбутович 26-августи соли 1966 таваллудаш, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ғазантараки, ноҳияи Ғончӣ, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ иқтисодӣ, мудири бахши ба ҳисобгирии даромадҳо ва сармуҳосиби Нозирои андози ноҳияи Ғончӣ, оиладор, соҳиби 3-нафар фарзанд, аз суханаш қаблан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

–дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 87-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, суд-,

М у а й я н к а р д:

Прокуратураи ноҳияи Ғончӣ ҳолати иҷрои қонунгузории андозро ҳангоми қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”-ро дар фаъолияти нозироти андози ноҳияи Ғончӣ мавриди санҷиш қарор додааст.

Дар асоси моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати то як моҳ, аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омузишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд. Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани санҷиши махсус, талаб карда гирифтани маводхои иловагӣ ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақомоти дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот ба мӯҳлати то як моҳ дароз карда шуда дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметавонад.

Мутобиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон санҷиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун баррасӣ намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои санҷиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳорро таъмин кунанд, дар бораи натичаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хаттӣ хабар диҳанд.

Аммо ин талаботҳо аз ҷониби мудири бахши ба ҳисобгирии даромадҳо ва сармуҳосиби Нозирои андози ноҳияи Ғончӣ Разоққов Маҳкамҷон Мазбутович дағалона вайрон карда шуда, ҳангоми баррасии 12 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон, мӯҳлати баррасии онҳоро вайрон карда ба муаллифон ҷавоби хаттӣ надодааст.

Чунончӣ, санаи 13-майи соли 2013 раиси хочагии деҳқонии “Ваҳдат”-и ноҳияи Ғончӣ, ба нозироти андоз дар ноҳия оид ба баргардонидани маблаги 80 сомонии барои боҷӣ иқтибос ба хазинаи бонки “Амонатбонк-и” дар ноҳия буда супоридааст, ки маблағи супоридаи ӯ бояд ба суратҳисоби Ҷумҳурӣ ворид мешудааст, аммо ба суратҳисоби маҳалли ворид шудааст. Ба муроҷиати мазкур, мӯҳри воридотии нозирот гузошта шуда, барои баррасӣ ба корманди нозирот Раззоқов М.М. вогузор карда шудааст. Бо муроҷиат танҳо санаи 04- июни соли 2013 бо дастрасии моддаи 69-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса дода, баррасӣ карда шуда бошад ҳам, то давраи санҷиш ба муроҷиаткунанда ҷавоби расмӣ ирсол накарда, муроҷиати мазкур аз эътибор соқит карда нашудааст.

Ғайр аз он бо муроҷиатҳои Орипов У.И. санаи вориди ариза 16.05.2013 сол, соҳибкори Инфироди Хидиров Р. санаи вориди ариза 22.07.2013 сол, раиси кооперативи истеҳсолии ба номи “Холиқов К” санаи вориди ариза 13.08.2013 сол, соҳибкори инфироди Болтаева Н. санаи вориди ариза 13.05.2013 сол, соҳибкори инфироди Ҳомидов Б. санаи вориди ариза 16.07.2013 сол, соҳибкори инфироди Шокирова М. санаи вориди ариза 24.09.2013 сол, кооперативи истеҳсолии ба номи “Абдураҳмонов А” санаи вориди ариза 17.10.2013 сол, шаҳрванд Шодимуротов Н. санаи вориди ариза 16.09.2013 сол, раиси кооперативи истеҳсолии ба номи “Раҳимов А” Раҳимов А. санаи вориди ариза 20.05.2013 сол, кооперативи истеҳсолии ба номи “Одилбобо” Одинаев Ш. санаи вориди ариза 15.05 2013 сол ва муроҷиати соҳибкори инфироди Мирашурова Р. санаи вориди ариза 22.07.2013 сол мӯҳлати баррасӣ дағалона вайрон карда шудааст.

Дар мурофиаи судӣ Разоққов Маҳкамҷон Мазбутович аз кирдори содирнамудааш афсус хурда баёнот дод, ки ӯ дар вазифаи мудири бахши ба ҳисобгирии даромадҳо ва сармуҳосиби Нозирои андози ноҳияи Ғончӣ фаъолият дорад. Дар ҳақиқат дар фаъолияти ӯ риоя накардани талаботи моддаи 9 ва 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” ҷой дорад. Ҳақиқатан 13-майи соли 2013 раиси хочагии деҳқонии “Ваҳдат”-и ноҳияи Ғончӣ, ба нозироти андоз дар ноҳия оид ба баргардонидани маблаги 80 сомонии барои боҷӣ иқтибос ба хазинаи бонки “Амонатбонк-и” дар ноҳия буда супоридааст, ки маблағи супоридаи ӯ бояд ба суратҳисоби Ҷумҳури ворид мешудааст, аммо ба суратҳисоби маҳалли ворид шудааст. Ба муроҷиати мазкур, мӯҳри воридотии нозирот гузошта шуда, барои баррасӣ ба ӯ вогузор карда шудааст. Бо муроҷиат танҳо санаи 04- июни соли 2013 бо дастрасии моддаи 69-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса дода, баррасӣ карда бо таври шифои хабар додаст, аммо то давраи санҷиш ба муроҷиаткунанда ҷавоби расмӣ ирсол накардааст. Ғайр аз он ӯ бо муроҷиатьои Орипов У.И. санаи вориди ариза 16.05.2013 сол, соҳибкори Инфироди Хидиров Р. санаи вориди ариза 22.07.2013 сол, раиси кооперативи истеҳсолии ба номи “Холиқов К” санаи вориди ариза 13.08.2013 сол, соҳибкори инфироди Болтаева Н. санаи вориди ариза 13.05.2013 сол, сохибкори инфироди Ҳомидов Б. санаи вориди ариза 16.07.2013 сол, соҳибкори инфироди Шокирова М. санаи вориди ариза 24.09.2013 сол, кооперативи истеҳсолии ба номи “Абдураҳмонов А” санаи вориди ариза 17.10.2013 сол, шаҳрванд Шодимуротов Н. санаи вориди ариза 16.09.2013 сол, раиси кооперативи истеҳсолии ба номи “Раҳимов А” Рахимов А. санаи вориди ариза 20.05.2013 сол, кооперативи истеҳсолии ба номи “Одилбобо” Одинаев Ш. санаи вориди ариза 15.05 2013 сол ва муроҷиати соҳибкори инфироди Мирашурова Р. санаи вориди ариза 22.07.2013 сол мӯҳлати баррасиро вайрон кардааст.

Ҳоло ба худаш хулосаи даркори баровардааст ва ваъда медиҳад, ки дигар ҳуқуқвайронкуни содир намекунад ва аз суд мепурсад, ки нисбаташ ҷазои сабуктар таъин намояд.

Гуноҳи Разоққов М.М. дар вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” бо маводҳои парвандаи маъмурӣ, аз ҷумла бо маводҳои санҷиши пурра исбот мебошад.

Ғайр аз он ҳуқуқвайронкунанда Разоққов М.М. вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатьои шаҳрвандон”-ро дар мурофиаи судц мавриди баҳс арор намедиҳад.

Бинобар суд ин ҳолатро исбот шуда ҳисобида кирдори ҳуқуқвайронкунанда Разоққов Маҳкамҷон Мазбутовичро бо моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи шахси мансабдор риоя накардани тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон, ва қабули қарори беасос, бар хилофи қонун, инчунин барқарор накардани ҳуқуқҳои риоянашудаи шаҳрвандон, ҳангоми набудани аломати ҷиноят банду баст менамояд.

Суд ҳангоми ба ҳуқуқвайронкунанда Разоққов М.М. таъин намудани ҷазои маъмури талаботҳои моддаи 11 ва 12 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистонро, ки чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар ҳаққи шахси воқеъи ё ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбиқ мешавад, бояд одилона сурат гирад, яъне ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳои содирнамудан ва оқибатҳои ба вуҷуд омадани он, шахсияти гунахкор мувофиқ бошанд ва нисбати шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, бояд чунин ҷазои маъмурӣ ва чораҳои таъминкунандаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин ва тадбиқ карда шаванд, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дигар аз ҷониби ҳамин шахс ё шахсони дигар зарур ва кифоя бошанд ба назар мегирад.

Моддаи 87-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро танҳо дар намуди ҷарима ба андозаи аз си то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ кардааст.

Суд баҳри ноил шудан ба мақсади ҷазо зарур мешуморад, ки нисбати Разоққов М.М. ҷазоро дар намуди ҷарима таъин намояд.

Инчунин суд ҳангоми таъин намудани ҷазо зиёд шудани муроҷиати шаҳрвандон ва ба ин масъали диққати махсус зоҳир намудани сарвари давлатро ба назару эътибор гирифта нисбати ҳуқуқвайронкунанда Разоққов М.М. маҳз таъин намудани ҷазои ҷаримаро зарур ва қонунӣ меҳисобад.

Бо дастрасии моддаҳои 140-142-и Кодекси мурофиаи Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд;

Қ а р о р к а р д:

Разоққов Маҳкамҷон Мазбутович бо моддаи 87-и Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ бо ҳамин модда ҷазои маъмури дар намуди ҷарима ба андозаи сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1200 (ҳазору дусад ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Нисбат ба қарор дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи эълон кардани он ба воситаи ҳамин суд ба суди вилояти Суғд шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Раисикунанда: Мирбобоев Ҳ.М.

 

 



- »