Шурои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди ноҳияи Ғончӣ

                                                             Хабарҳои судӣ

 

         Шаҳрванд Ғафурова Гулчеҳра Тоҷибоевна истиқоматкунандаи деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои дар рӯзу соати корӣ ғайриқонунӣ маросими гаштаки духтарон яъне, «вечер»-и духтарашро дар манзили истиқоматиаш бо даъвати 8 нафар ҳамсинфони духтараш ва 6 нафар тарафи домодшаванда барпо намуданаш, бо Қарори суди ноҳияи Ғончӣ аз 22.08.2014 сол бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси ҳамин модда нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

           Раиси суди

           ноҳияи Ғончӣ:                                        Мирбобозода Ҳ.М.

 

 

 

 

 

 



« - »