Шурои Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суди ноҳияи Ғончӣ

Маколахо

        

 

 

 

 

               «Ба муносибати 20 солагии рӯзи қабули Конститутсия»

     

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санади   тақдирсозии миллати тоҷик.

 

Дар Паёми навбатии ҷаноби Оли президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст «Конститутсияи модар худ муҳимтарин принсипҳои демократия аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷҷасум намуда баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меърҳои конститутсиони мо имрӯзбарои расиданба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамондар самтиэъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Бо баробари ҳамин ин ишораи сарвари давлат ба истиқболи сазовори 20-солагии Конститутсия нишони он аст, ки бояд ҳар як шаҳрванд ба арзишҳои ин санади олии ҳуқуқи ва тақдирсози миллати тоҷик эҳироми хос гузоранд.

 Бояд ёдовар шуд, ки дар баробари дигар Ҷумҳуриятҳои собиқ  Иттифоқи Шуравӣ Тоҷикистон низ9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуд. Бинобар яке  аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурраи Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонид ин қабули Конститутсия буд. Ҷараёни тайёр ва қабули он якчанд марҳилаҳоро аз сар гузаронидааст. Санаи 24 августи соли 1990 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро қабул намуд. Чанд маротиба кӯшиши қабули Конститутсия карда шуд, вале ҷанги шаҳрвандӣ халал расонид.

Санаи 26 июни соли 1993 Ҷаноби Оли президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон Раиси комиссияи Конститутсионӣ интихоб гардиданд ва аввалин маҷлиси комиссияи Конститутсионӣ 4 сентябри соли 1993 барпо гардид. Комиссияи Конститутсионӣ лоиҳаи онро таҳия намуда ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд ва лоиҳаи он дар матбуоти даврӣ чоп гардида, мавриди омӯзиш ва муҳокима умумиҳалқӣ  қарор дода шуд.

  Санаи  20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияро муайян кард.

 Санаи 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар худ моҳияти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаро ифода менамояд. Дар дебочаи он омадааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин санади меъёрӣ-ҳуқуқиест, ки тамоми қонунҳои давлат аз он сарчашма мегиранд, дар асоси он эҷод ва қабул мегарданд.

Кон­ститутсия санадиолиихукукӣ буда он натиҷаи рушди ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ваколатҳои мақомоти олии ҳокимият, асосҳои ташкил ва тарзу усули идоракунии давлатӣ, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ, принсипҳои асосии интихоботӣ ва ҳолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро дар худ ифода кардааст. Инчунин масъалаҳоиташкилвафаъолияти ҳокимиятидавлатӣ, ҳаллиҷараёнҳои мухолифпазири ҷомеъа ватаҳкими асосҳоитартиботи ҷамъиятӣбатанзимдаровардашудаанд.

Дар Конститутсияи (Сарсонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёти беҳтариниафкоридемократироба инобатгирифта, баинкишофидемо­кратия, махсусандарсоҳаи ҳуқуқ ва озодиҳоиинсонвашаҳрвандтакони ҷиддӣбахшида шудааст.

 Дар моддаи 5-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф ва риоя менамояд».

 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст ва мутобиқи моддаи 9-и Конститутсияи «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».

   Конститутсияи муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.     

    Моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентиро муқаррар намудааст, ки тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ( Ҳукумат ) аст.

 Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар кардааст. «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».     

   Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

   Ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 ва баъдан 22 июни соли 2003 як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуданд.

    Мутобиқи ин таҒйироту иловаҳо парлумон касбӣ аз ду палата яъне Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, мақомоти судӣ аз мақомоти иҷроия ҷудо карда шуд. Ба боби чаҳоруми  «Президент» таҒйирот дароварда шуд, ки «Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд»

   Соли 2003 ба моддаи 65-и Конститутсия таҒйирот дароварда шуд, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

 Ғайр аз он дар асоси ин таҒйироту иловаҳо синну соли ниҳоии интихоб ва таъин шудан ба вазифаи судягӣ 65 сол муқаррар карда шуда, мӯҳлати ваколат аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд.

          Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  оиларо асоси ҷамъият дониста, дар зери ҳимояи давлат будани онро эълон кардааст. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробар ҳуқуқ мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва Ғамхории давлат мебошанд. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  озоди шахсиятро дар мадди аввал мегузорад. Дар қисми 1-и моддаи 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  сабт шудааст, ки «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад»

         Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад. Эълон кардани ин ё он дин ба сифати дини давлатӣ, ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дунявӣ будани давлатамонро нишон медиҳад. Чӣ тавре, ки қайд гардид яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани мартаба ва эътибори зан дар ҷомеа ин баробарҳуқуқии зан ва мард мебошад, ки онро дар моддаҳои  17, 18, 24 ва 28  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаст.

Ғайр аз он Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати моро ҳамчун субъектикомилҳуқуқимуносибатҳои байналмилалӣбааҳли ҷаҳон муаррифӣнамуда, кушишҳоибашардустонаробаҳрипешбур­дисиёсатисулҳҷуёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣваистиқлолиятидигар давлатҳоробаҳриҳамкориҳои байнидавлатӣдарасосимеъёрҳои ҳуқуқибайналмилалӣмуайянкардааст.

 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунҳуҷҷатибарномавидар ҳаётиҳаррузаи давлатва ҷомеа баҳрипешбурди муносибатҳоистифодамегардад.

Ҳар қадаркимоазсанаи қабулиКонститутсияикишварамондурмеравем, ҳаёти ҷомеааҳамиятитаърихиюсиёси, ҳуқуқию фарҳангииинсанадисарнавиштсозимиллатробомазмунумундаричаинаврӯикор меорад. Мо ҳамон қадарбаақлухиради азалиихалқиазизамон, кидардавраибасо ҳассоситаърихӣатрофироҳбаринавинтихобидавлатЭмомалӣРаҳмонмуттаҳид гардида, онро қабулкарда, баҳримиллат вадавлатасосгузоштанд, саритаъзимфурумеорем. Дарбаробариин, зиракиисиёсиронисбатбаманфиатҷуивусиёҳдилии иддаеаз«ҳомиёнидавлатумиллат», кидар ҳарлаҳзаиногуворсадобардошта, дастовардҳоиназаррасидармуддатикутоҳтаринбадастомада, нақшиКонститутсиядартаъминисуботи сиёсиииҷтимоиимамлакатвафаъолияти созандагиюбунёдкоронаидавлатумиллатронодидамегиранд, аздастнамедиҳем.

Имрузҳо, кимодарарафаи 20-умин солгарди қабулиКонститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон қарор дорем, боядмавҷудияти инсанадиолиитақдирсозимиллатродар ҳаёти ҷомеааз ҳарвақта дидабештардарк намоем. Дармеҳвариинсанад зистанроомузем, меъёрҳовамуқаррароти  онро одати рафторихуд қарор диҳемва арзишҳоионрочунгавҳаракичашм ҳифз намоем. Онрохамчунбузургтариндастовард, роҳнамовапайвандгаринаслҳо,ифтихорусарбаландии инсонӣвамиллиихудватануватандорӣ, худшиносӣ, худогохиваҳувиятимиллӣ ҳифз намоем. Ботакябаарзишҳоиумумибашариюмиллӣ, даркимоҳиятвамазмунисозандаюбунёдкоронаашонрояк ҷузъи таркибии Ғояимиллӣэътирофкунем.

Расиданба ҳадафҳои зикршудааз ҳарфарди ҷомеаиТочикистон, новобаста азмавқеииҷтимоӣ, масъулиятибаланди шахрвандӣ, риояваэҳтиромиКонститут­сиява қонунҳо қонунҳо вааз ҳокимияти  фаъолияти бонизомиконститутсионӣ, таъминикафолати ҳамаҷониба ҳифзи ҳуқуқуозодиҳои инсонвашаҳрванд, оштинопазирӣнисбат ба қонунҳои  ва ҳуқуқвайронкуниҳоро тақозодорад.

Итминоникомилдорем, кисокинони ноҳия 20-солагии қабулинахустинКонститутсияи Тоҷикистонисоҳибистиқлолихудродарфа­зоӣхудшиносивухудогоҳӣ, ваҳдатимиллӣ, тинҷиюоромӣваякпорчагиидавлати ҳақиқатан иҷтимоиюшаҳрвандӣпешвозме­гиранд. Меъёрҳоионробомазмунинавва воқеиятбинии таърихӣдаркменамоянд, таҳким мебахшандвадарроҳирушдидавлатимутамаддинихудчароғиҳидоятменамоянд. Ман бовари дорам, ки мардуми ноҳияи минбаъднизбахотириамалӣгаштани инорзуюормонҳоинек, пешаз ҳама тавассутиэҳтиромвариояимеъёрҳои он қарзишаҳрвандиихудро адохоҳандкард. Зероэҳтиром, риоя ва ҳифзиКонститутсиякафолатитаъ­мини қонуният, амниятвасулҳусуботидавлатва ҷомеа мебошад.

 

            

                 Раиси суди

                 ноҳияи Ғончӣ:                                  Мирбобоев Ҳ.М.

 

 

 



« - »